Намояндагони Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) ба агентии миллӣ ташриф оварданд.
Дар ҷараёни мулоқот, корманди барномавии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Зулфикор Хон дар бораи Барномаи беҳтарсозии муҳити тиҷорат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (IBECA) маълумот дод, ки ба дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ, тақвияти қобилияти он барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ, шенасоии имкониятҳо барои пешбурди сармоягузориҳои ИМА дар бахши хусусӣ, дастгирии таъсиси шабакаҳои минтақавии коршинос ва тиҷоратӣ, инчунин робитаҳои байналмилалӣ барои ҷалби сармоягузорӣ равона шудааст.
Дар доираи мулоқот масъалаҳои марбут ба рӯзномаи миллии тиҷорат, аз ҷумла монеаҳо ва афзалиятҳое, ки барои беҳтарсозии муҳити тиҷорат, гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва расидан ба интегратсияи иқтисодии минтақавӣ зарур мебошанд, муҳокима шуданд.
Маълумот барои маълумот: CIPE сохтори ғайритиҷоратии вобаста ба Палатаи савдои ИМА мебошад, ки ба тақвияти демократия дар саросари ҷаҳон тавассути соҳибкории хусусӣ машғул аст.

