Равшанбек Сабиров, роҳбари агентии миллии сармоягузорӣ назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, дар саммити аввалини Корея – Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сеул суханронӣ кард.
Ӯ дар суханронии худ дар бораи имкониятҳои сармоягузории Қирғизистон ва самтҳои ҳамкории оянда бо Ҷумҳурии Корея изҳор намуд.
Вай инчунин таъкид кард, ки барои ҷалби сармоягузориҳои кореягӣ, ворид намудани технологияи муосир ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак имкониятҳои васеъ мавҷуд аст.

