Дар шаҳри Чолпон-Ата дар доираи V форуми роҳбарони минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (ШҲШ) байни минтақаҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳои иқтисодии озод, ки кишварҳои иштирокчӣ ба он шомил буданд, як қатор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ имзо гардид.
Яке аз натиҷаҳои муҳимтари форум ин имзои мувофиқатнома байни Дирексияи асосии минтақаи иқтисодии озоди «Нарын» Ҷумҳурии Қирғизистон ва маъмурияти минтақаи иқтисодии озоди «Брест» Ҷумҳурии Беларус мебошад.
Ҳуҷҷати имзошуда ба самтҳои ҷалби сармоя, таъсиси ширкатҳои муштарак, рушди ҳамкории истеҳсолӣ ва инчунин мубодилаи таҷриба дар соҳаи идоракунии минтақаҳои иқтисодии озод равона шудааст.
Тарафҳо изҳори боварӣ карданд, ки ин мувофиқатнома барои тақвияти робитаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ва рушди ҳамкории дарозмуддат, ки барои ҳарду ҷониб фоидаовар аст, мусоидат хоҳад кард.


